Тасмими мақомоти вилояти Маскав барои нашри рӯзнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Мақомоти вилояти Маскави Русия тасмим гирифтааст барои муҳоҷирони тоҷику узбак дар нашрияҳои фаъоли минтақа гӯшаҳое вижае созмон бидиҳад.
Анастасия Звягина, раҳбари раёсати сиёсати иттилоотии вилояти Маскав гуфтааст, матолиби ин гӯшаҳо дар бораи муносибатҳои байниқавмӣ ва фарҳанги миллӣ нақл мекунанд. Бар илова, маъмурияти вилояти Маскав тасмим дорад, барои бо ҳаёти минтақа беҳтар ошно кардани муҳоҷирон нашрияҳое бо забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ ба нашр расонанд. “Тибқи нақша чопи чанд нашри махсус бо забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ дар назар аст”,-гуфтааст ӯ.
Тасмими таъсиси нашрҳои махсус бо забони тоҷикӣ дар вилояти Маскав дар ҳолест, ки дар Русия як нашрияи тоҷикӣ чоп мешавад. Он “Тоҷикони Россия” ном дошта ва чанд сол мешавад, ки аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик матлабҳо ба нашр мерасонад.