Беш аз 50 корхонаи нав дар Суғд фаъол шудааст
Давоми нуҳ моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 52 корхонаи нав ба фаъолият оғоз кардааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилоят ба “Озодагон” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин корхонаҳо наздик ба 500 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд: “Тибқи нақша, дар соли 2017 ба истифода додани дар маҷмӯъ 56 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ дар назар дошта шудааст. Яъне, ҳоло боз 4 коргоҳи дигар ифтитоҳ меёбад”.
Ба гуфтаи дафтари матбуоти раиси вилоят, ин имкон додааст, ки ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба 6,9 миллиард сомонӣ расонида шавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.