Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар давлати Русияро дар истирдоди ғайриқонунии Маҳмадрӯзӣ Искандаров, аз ин кишвар ба Тоҷикистон гунаҳкор донистааст.
Ахиран, ин ниҳоди байналмилалӣ аз Русия тақозо кардааст, то давоми 180 рӯз тасмими худро дар мавриди ин қазия эълом кунад ва аз натиҷаи он ба додгоҳи аврупоӣ гузориш диҳад. Бино ба қавли фарзанди Маҳмадрӯзӣ Искандаров - Фирӯз Искандаров, ин қарорро Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар ҳанӯз 1-уми апрели соли равон ба нашр расонида буд. Маврид ба ёдоварист, тирамоҳи соли гузашта ин додгоҳи аврупои давлати Русияро дар боздошт ва истирдоди ғайриқонунии роҳбари собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Душанбе гунаҳкор донист ва Русияро ба пардохти 30 ҳазор евро ҷарима муваззаф кард.
Ёдрас менамоем, собиқ райиси ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаровро бо дархости мақомоти Тоҷикистон, идораҳои амниятии Русия дар моҳи декабри соли 2004 боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд. Аммо баъд аз чанд рӯз ӯ дубора ба таври асроромез нопадид шуд ва додситонии кулли Тоҷикистон баъдан дар бораи боздошт шудани ӯ дар Душанбе хабар доданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои давлатӣ, фаъолиятҳои терористӣ ва таъсиси гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ гунаҳкор дониста, барои 23 сол равонаи зиндон кард. Дар ҳамин ҳол, вакилони мудофеъи Маҳмадрӯзӣ Искандаров зерҳимояаашонро бегуноҳ хонда, барои истирдоди вай аз Тоҷикистон ба Русия низ талош меварзанд.