Баҳси истеъфои раёсати Бонки Миллӣ дар парлумон: Раис гуфт ба иззати нафс нарасед...
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 18-уми октябр дар парлумон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи таърихи қарз”-ро муаррифӣ кард.
Тибқи ин тағйирот, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, рӯйхати ягонаи қарздорон ташкил мегардад, ки аз ҷумла алайҳи қарзгирҳои беинсоф нигаронда шудааст.
Дар пайи баромади раиси Бонки Миллӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон масъалаи баргардондани пули мардумро аз сӯи бонкҳо ба миён гузошт. Нурмуҳаммадзода посух дод, ки пули мизоҷон марҳила ба марҳила баргардонда мешавад.
Дар ин робита Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон беш аз 3 миллиард сомониро зикр кард, ки давлат барои ҳалли мушкили бонкҳо ва мизоҷонашон равона кард. Ӯ гуфт, ин миқдор маблағ бояд мушкили мизоҷонро ҳал мекард, аммо барои чӣ ҳал нашуд?
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид намуд, ки баъзе мизоҷон аз баҳри фоиз гузаштаанд, танҳо мехоҳанд, маблағи гузоштаашонро бозпас гиранд. Зуҳуров дар хитоб ба Нурмуҳаммадзода таъкид намуд, ки ин мушкилро ҳал кунед, ки он як дарди сар ба Бонки Миллӣ, парлумон ва оқибат ба раҳбарияти давлат мешавад.
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ таъкид кард, ки як сол муҳлате, ки барои пардохти пули мизоҷон муайян шуда буд, ба охир расида истодааст, аммо масъала ҳал нашуд. Исмонов дар хитоб ба Нурмуҳаммадзода суол гузошт, ки дар чунин вазъ оё Бонки Миллӣ истеъфо намедиҳад, ё чӣ кор карданианд: "Вақте бонк масъулияти худашро дар назди мардум иҷро карда наметавонад, гуноҳро дар сари Президент задан даркор нест. Мардум мумкин, ки Нурмуҳаммадзода Ҷамшедро нашиносанд, лекин Президентро мешиносанд, аз ҳукумат мебинанд. Мо дар вохӯриҳо будем, мегӯянд, ҳукумат кай пули моро медиҳад”.
Дар посух ба масъалаи истеъфо раиси Бонки Миллӣ аз вакилон хост, ба иззати нафс нарасанд ва пеш аз суол фикр кунанд.
Зуҳуров ба Нурмуҳаммадзода ду ҳафта муҳлат дод, то дар бораи вазъи бонкҳои муаммодор ва имконоташон барои баргардондани пули мардум ба парлумон маълумот пешниҳод кунанд.