Муҳлати нави пур кардани ариза барои дарёфти грин корт
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон эълон кард, ки муҳлати пешниҳоди ариза барои дарёфти грин корт тамдид шудааст. Аммо нафароне, ки то сешанбеи 17 октябр ба ин озмун ариза додаанд, бояд аз нав сабти ном шаванд.
Сафорат дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук гуфтааст, бо сабабҳои фаннӣ муҳлати бақайдгирии иштирокчиёни барномаи раводиди DV-2019 ё грин корт ба санаҳои дигар гузаронида мешавад: “Маълумоте, ки то 18-уми октябри соли 2017 ба барнома ворид гардид, баррасӣ карда намешавад. Шумо бояд аз нав аризаро пур кунед! Муҳлати нави бақайдгирии раводиди DV-2019 аз 18-уми октябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, оғоз ёфта, то нисфирузии 22-юми ноябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, анҷом меёбад”.
Лотореяи корти сабз ё грин корт ба шаҳрвандони кишварҳои дигар имкони кору зиндагии қонунӣ дар Амрикоро фароҳам меоварад. Ба ҳисоби миёна ҳамасола беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон барандаи ин барнома мешаванд.