Куҳансолтарин фирории Андиҷон ба ватанаш баргашт
Наҷмиддин Умарови 76-сола, ки баъди ҳодисаҳои хунуни соли 2005 дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон, ба хориҷ фирор карда буд, ибтидои ҳафтаи гузашта ба ватанаш баргаштааст.
Вай ба маҳзи ворид шудан ба кишвар, аз сӯи мақомот боздошт ва чаҳор рӯз дар идораи пулиси вилояти Андиҷон боздошт шудааст. Вале пайвандонаш мегӯянд, Умаровро дар фурудгоҳ боздошт ва баъди се соати бозпурсӣ раҳо кардаанд.
Ҳомии ҳуқуқ Саидҷаҳон Зайнобиддинов, аз шаҳри Андиҷон низ мегӯяд, Умаровро баъди се соати бозпурсӣ раҳо карданд.
"Ман бо одамоне, ки ба хонаи Умаров рафтанд, суҳбат кардам. Онҳое мегӯянд, Умаровро дар фурудгоҳ бозпурсӣ кардаанд. Эҳтимол, ӯро баъди бозпурсӣ ба идораи пулис бурдаанд, вале вай дар ин бора ба касе хабар надодааст. Як нафар ба ман гуфт, ки Умаров ҳоло дар манзилаш аст", - нақл мекунад ҳомии ҳуқуқ.