Тошканд парвоз ба Душанберо боз арзонтар кард
Ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” нархи чиптаи парвоз дар масири Тошканд – Душанбе – Тошкандро боз арзон кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” шуруъ аз 13-уми октябр нархи чиптаҳо дар масири Тошканд – Душанбе – Тошканд 75 евро аз як ҷониб ва аз ҳарду тараф 153 евро, муодили 1584 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, парвоз аз самти Душанбе ба Тошканд 85 евро ва равуо бошад 153 евроро ташкил медиҳад.
Ин дуввумин ҳолати поинбарии нархи чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе-Тошканд тайи 15 рӯзи аввали моҳи октябр мебошад. Ҷониби Узбакистон аввали моҳи ҷорӣ нархи парвозҳоро дар ин масир то 200 сомонӣ бурда, аз 1234 ба 1034 сомонӣ фуровард.