Ихроҷи Малоҳат бо 9 фарзанд баъди 4 соли зиндагию таваллуд дар партовгоҳ (АКС)
Малоҳат, як модари лӯлитабори тоҷикистонӣ аз мақомоти пулис гурехта, 4 сол аз тарси ихроҷ ҳамроҳи 9 фарзанду наберааш дар як партовгоҳи вилояти Челябинск зиндагӣ кардааст.
Тибқи иттилоияи додгоҳи Челябинск, ин модари тоҷикистонӣ бояд соли 2013 қаламрави Русияро тарк мекард: “Он замон Малоҳат бо се фарзандаш дар канори роҳи оҳан бидуни ягон ҳуҷҷати лозима зиндагӣ мекард ва бояд фарзандони ӯро ба боздоштгоҳи махсус мебурданд. Он замон модар ба зону зада хоҳиш намудааст, ки то омода шудани ҳуҷҷатҳо барои ихроҷ фарзандонашро набаранд. Ба зан раҳм карданд, аммо рӯзи дигар ӯ нопадид шудааст”.
Манбаъ афзуд, ки Малоҳатро баъди 4 сол-моҳи сентябри 2017 дар партовгоҳи назди Еманжелин ёфтаанд, ки алакай оилааш ду маротиба бештар шудааст: “Дар солҳои 2014, 2015, 2016 дар миёни партовгоҳҳо Малоҳат боз 3 фарзанд ба дунё овардааст. Ҳамчунин дар ин муддат дар он ҷой 2 наберааш аз духтари калонияш Бибисоро таваллуд шудаанд”.
Судиҷрочиёни Челябинск мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳуҷҷатҳо барои ихроҷи ду модар ва ҳашт фарзанду набери 16, 14,10, 5, 3, 2, 1-солаашон ба Ватан омода шуда истодаанд.