Ду сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар мунҷар ба марги ду ронанда гардид.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз дафтари матбуоти РБДА-и ВКД иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, пас аз зӯҳри дирӯз (3-юми декабр) дар ноҳияи Панҷакент, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Вектра» Фарҳод Усмонови 22 сола, сокини деҳаи «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти Косатарош, аснои ҳаракат дар ҷодаи Панҷакент-Суғдиён, дар километри 9-уми ҳудуди деҳаи Чорбоғ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори рости роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда Усмонов ҷароҳати вазинини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ба ҳамин монанд, бегоҳи рӯзи гузашта, тахминан соати 17:30 ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Марк-2» Далер Мараҷабови 25 сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, кӯчаи Зоидов, аснои ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Конибодом-Хуҷанд, дар километри 41-уми ҷамоати Лоҳутӣ ба сониҳа дучор шудааст. Бар асари ин, Мараҷабов ба ҳалокат расида, мусофир Ҳусайн Набиеви 24 сола ба беморхона интиқол ёфтааст.