Даъвати Нуралиев аз намояндаи Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии низоми бонкӣ
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Петер Буриан, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи марказӣ, масъалаи рушди ҳамкориҳоро дар низоми бонкӣ баррасӣ намудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, дар ин мулоқот, ки рӯзи 11 октябр баргузор шуд, Нуралиев Петер Буриан ва ҳамроҳонашро бо вазъи низоми бонкии кишвар ва татбиқи ислоҳот дар соҳа, бахусус дар самти такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи сиёсати босамари монетарӣ, таъмини суботи молиявӣ ва низоми пардохт ошно намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт - гидроэнергетика, низоми бонкӣ, аз ҷумла рафъи мушкилоти низом, рушди соҳибкории хурду миёна тавассути ҷалби сармоягузорӣ матраҳ намудаанд: “Зикр гардид, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ислоҳот дар низом ва бахши молиявӣ, зарурати ислоҳот ҷиҳати таъмини фазои мусоиди фаъолият мавҷуд аст, ки барои татбиқи он дастгирии шарикони ҳамкор ҷойгоҳи муҳим дорад”.
Манбаъ мегӯяд, Петер Буриан оид ба муносибат ва барномаи Хазинаи байналмилалии асъор, дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, ҳамкорӣ ва кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба низоми бонкии кишвар тавассути татбиқи барномаҳои грантӣ, мусоидат намудан ба фазои сармоягузорӣ, дастгирии низоми бонкӣ, инчунин вазъи макроиқтисодӣ ва шароити корӣ сухан ронда, омодагии хешро барои ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда изҳор намудааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҷамолиддин Нуралиев омодагии ҳамаҷонибаи Бонки миллиро барои ҳамкорӣ баён дошта, аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманд барои дастгирӣ ва татбиқи барномаҳои грантӣ ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар даъват ба амал овардааст. Манбаъ афзӯд, дар ин мулоқот мулоқот сафир, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Хидает Бискевич, сардори Шуъбаи Осиёи марказӣ оид ба корҳои хориҷӣ Тойво Клаар, сардори Шуъбаи ҳамкории Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Маче Мадалински ва шахси масъули ҳамкориҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Роланд Хонекамп, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзидаанд.