Аз заминҳое, ки давлат молиёт меситонад, ушр дода мешавад ё не?
Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли як корбари сомонаи марказ дар мавриди додани ушр аз заминҳое, ки молиёт пардохт мешавад, посух додааст.
Ин корбар, ки худро Шараф гуфтааст, мепурсад, “оё аз заминҳое, ки барои кишти зироатҳои кишоварзӣ истифода мешаванд ва аз ҷониби давлат андозбандӣ шудаанд, ушр дода мешавад ё на?”
Дар посух ба ин савол Маркази исломии Тоҷикистон ба асари “Мухтасарул-виқоя” муроҷиат кардааст: “Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) дар ҳар зироате, ки аз замин мерӯяд, ушр (аз даҳ як ҳисса) воҷиб аст. Агар дар парвариши он зироат машаққат ва хароҷот бештар бошад, дар ин сурат нисфи ушр (аз бист як ҳисса) воҷиб мешавад”.