Содиқов баъди 10 соли фирор дар Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд
Мақомоти пулиси Русия Муродалӣ Содиқов, як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистонро, ки дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст, боздошт ва ба Ватан истирдод кардааст.
Дафтари матбуоти Додситонии Маскав мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон Муродалӣ Содиковро дар куштори 3 нафар муттаҳам медонад ва ӯ 10 сол аст, ки дар пайгард қарор дошт: “Содиқов ҷиноятро бо шариконаш шаби 30 марти соли 1993 дар вилояти Хатлон содир кардааст. Дар Тоҷикистон бар пояи моддаи 104 қисми “б,г,з”-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор мешавад”.
Ба иттилои манбаъ, Содиков моҳи январи соли ҷорӣ дар истгоҳи метрои “Румянтсево”-и Маскав боздошт шудааст .