Изҳори миннатдории Э.Раҳмон ба В.Путин барои авфи шаҳрвандони Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Сочи баргузор шуд, бо Владимир Путин, президенти Русия мулоқот кардааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин дидор ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, аз сатҳу сифати муносибатҳои дуҷониба дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд: “Ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи рушду тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Дар ин робита масъалаи таъмини бозорҳои Русия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ва бартарафсозии монеаҳо дар ин самт таъкид карда шуд”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, аз иштироки ширкатҳои Русия дар азхуднамоии бойигариҳои зеризаминии Тоҷикистон истиқбол менамояд ва хостгори тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати сабук ва вазнин, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ ҳастанд: “Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷониби Русия барои гузаронидани маъракаи авфи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош вуруди онҳо ба Россия манъ гардида буд, изҳори миннатдорӣ намуданд. Боиси зикр аст, ки дар рафти ин маърака, ки моҳи апрели соли равон гузаронида шуд, зиёда аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Русия ба расмият дароварданд”.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта, 10 октябр барои иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба шаҳри Сочии Русия сафар кард.