Шоми 27 сентябр ҳамроҳии дӯстону устодон ва ҳамкасбон баъд аз анҷоми конфронси байналхалқии #MediaCA ба театри “Жас сахна” (“Саҳнаи ҷавон”)-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон барои тамошои намоишномаи “Последний экзамен” (Имтиҳони охир) рафтем. Ин намоишномаро ҳунарманди шинохтаи тоҷик БАРЗУ АБДУРАЗЗОҚОВ ба саҳна гузошта буд…
Арзиши чипта 3000 тенге буд ва хазинадори он ба хотири меҳмон буданамон, нархи онро 50% арзонтар кард. Соат ба вақти Алмаато 19:00. Театри “Жас сахна”. Намоишномаи “Последний экзамен”. Забон – русӣ. Қаҳрамононаш 5 нафар – муаллима ва 4 хонандаи ӯ (як духтару се писар), ки синфи 11-умро хатм доранд. Онҳо ба дидорбиниву зодрӯзи муаллима ба хонааш меоянд. Ташрифи онҳо барои муаллима – Роза Галинова ғайричашмдошт буд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки ташрифи онҳо аслан барои дидорбиниву муборакбодии муаллима буд ё бо дигар мақсад?
…Хонандаҳо аз Роза Галинова КАЛИДеро мепурсанд. Маҳз ҳамин КАЛИД симои аслии хонандагонро боз мекунад. Чун ҳадафи асосии ташрифи онҳо ба хотири КАЛИД буд... Муаллимаро маҷбур месозанд, то калидро барояшон диҳад ва онҳо ба мактаб рафта, натиҷаи санҷиши худро дигар созанд. Ҳарчанд талош мекунанд, аммо бенатиҷа…
Дар ин баробар муаллима низ талош меварзад, хонандаҳоро аз манзилаш берун кунад, вале наметавонад. Мехоҳад, худаш равад, аммо онҳо намегузоранд. Якравию нотарсии хонандаҳо ва нақшофарии онҳо, матонату истодагарии муаллима, тамошобинро намегузошт, ки аз саҳна ба дигар сӯ рӯй гардонад. Хонандаҳо пас аз чанд амали нопоки худ дарк мекунанд, ки корашон нодруст аст, аммо дер мефаҳманд, чун кор аллакай аз кор гузашта буд.
Муаллима билохира маҷбур мешавад, калидро ба онҳо бидиҳад. Бо вуҷуд хонандаҳо ба мақсади худ намерасанд, балки симои зоҳирии хешро ба куллӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна тарбия гирифтаанду чӣ гуна ба воя расидаанд.
Хулоса, намоишнома аз печутоби зиндагӣ, тарбия, муносибати муаллиму толибилм, таҳсили хонандагон, гардишҳои ғайриинтизори имрӯзи ҷаҳон нақл мекунад.
Пас аз тамошои ин саҳна, барои офаридани чунин намоишномаҳои ҷолиби диққат муҳим набудааст, ки театр бояд бузург бошад. Муҳим аз ҳама бе тамошобин набудани театр аст, муҳимтар аз ин коргардони касбӣ будани ба саҳнагузорандаи намоишнома аст…
Агар гузоратон ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон афтод, ҳатман ба театри “Жас сахна” ташриф оваред ва аз тамошои натанҳо “Последний экзамен”, балки дигар намоишномаҳои ҳунарманди шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов бебаҳра нахоҳед монд! Ва ҳатман як ҷаҳон маънӣ хоҳед бардошт!
БОРИ ДИГАР БО ИН ҲУНАРМАНДИ ТОҶИК МЕФАХРАМ!!!
БОРИ ДИГАР БО НАМОИШНОМАҲОИ ОФАРИДАИ Ӯ МЕФАХРАМ!!!
БОРИ ДИГАР ВА БОРИ ДИГАР БРАВО, БАРЗУ!!!
Ҷамшеди МАЪРУФ,
Алмаато, Қазоқистон