Шарҳи Маскав дар бораи пойгоҳи нав дар марзи Тоҷикистон
Григорий Карасин, ноиби вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ниёзе ба пойгоҳи нави низомӣ дар назди марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон нест.
Карасин зимни як нишасти матбуотӣ гуфтааст, Бишкек ташкили чунин як пойгоҳи навро пешниҳод кардааст, аммо Маскав барои шумора талош надорад ва бо пойгоҳҳои феълӣ дар минтақа қаноат мекунад: “Барои ҳалли масоили амниятии Русия ва иттифоқчиёни мо омили муҳиму муайянкунанда аст. Пойгоҳҳои феълӣ дар Тоҷикистону Қазоқистон тавони истодагарӣ дар баробари ҳар таҳдиди эҳтимолӣ дар минтақаро доранд. Русия ният дорад, нерӯи пойгоҳҳои мавҷударо таҳким бахшад, аммо пойгоҳҳои навро ташкил намедиҳад”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сапар Исаков, нахуствазири Қирғизистон гуфт, дар сатҳи вазоратҳои дахлдори ду кишвар машваратҳо шурӯъ шудааст. “Ҷумҳурии Қирғизистон бар ин аст ки барои таъмини амният на танҳо дар Қирғизистон, балки дар минтақа мустаққар намудани як пойгоҳи низомӣ дар ҷануби кишвар зарур аст. Аммо ҳоло ҷонибҳо дар ин замина ба қарори ниҳоӣ нарасидаанд”.
Қаблан, Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон изҳор дошта буд, ки Русия метавонад дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон як пойгоҳи дигари низомиашро мустаққар созад.
Дар ҳоли ҳозир дар Канти Қирғизистон як пойгоҳи ҳарбии Русия фаъол аст ва пойгоҳи 201-аш дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди низомӣ дар хориҷи ин кишвар мебошад.