Медали тиллои Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Узбакистон
Комроншоҳи Устопириён, варзишгари шинохтаи тоҷик медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Гран-прӣ оид ба ҷудоро ба даст овард. Ин сабқат дар пойтахти Узбакистон баргузор шуд.
Комроншоҳ дар вазни -90 кило бар Достон Мелиев аз Узбакистон пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Баъдан Яҳё Имомовро аз Узбакистон мағлуб сохт ва дар финал Дилшод Чориев (Узбакистон)-ро шикаст дод. Бар иловаи медали тилло ӯ ҳамчунин соҳиби 3 ҳазор доллар гардид.
Саидҷалол Саидов, паҳлавони дигари тоҷик, ки дар вазни -100 кило Давронбек Сатторов аз Узбакистонро шикаст дод, дар нимфинал аз Рамазон Дарвеш (Миср) мағлуб шуд. Талоши ӯ барои соҳиби медали биринҷӣ шудан ҳам натиҷа надод.
Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прӣ оид ба ҷудо аз 8 варзишгар иборат буд. Аммо ба ҷуз Комроншоҳи Устопириён касе натавонист соҳиби медал шавад.