Холиқназар Ҷумъаев, як рӯзноманигор, ки як рӯз қабл дар рустои номбурда қарор доштааст, мегӯяд: «Барқи Тоҷик» ба ваъдааш вафо накард. Ман рӯзи 31-уми декабр, ба меҳмонии дӯстам рафтам, он ҷо давоми рӯз аз барқ ному нишоне набуд». Ҳамсӯҳбати «Озодагон» афзуд, чун аз эълонҳои ширкати «Барқи тоҷик» хонда будам, ки рӯзҳои ҷашни соли нави милодии 2012 ба реҷаи интиқоли барқ тағйирот ворид мешавад, яъне барқ хомӯш карда намешавад, ба Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати мазкур занг зада сабаби дар ин маҳалла ва гирду атрофи Душанбе набудани барқро пурсон шудам.Ёдгорӣ гуфт, ки алъон дар бозор қарор дорам ва метавонам иттилои саҳеҳро аз сайти «Барқи тоҷик», ё аз телефонии боварии корхона бигирам.Мутаасифона, рақамҳои «боварӣ» хомӯширо авло дониста, гӯширо касе набардошт.
Ёдрас менамоем, ду рӯз қабл аз Соли нав маркази матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» эълонеро ба ин мазмун паҳн карда буд: «Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК «Барқи Тоҷик» тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз имконияту захираҳо дар рӯзҳои ҷашни соли нави милодии 2012 ба реҷаи интиқоли барқ тағйирот ворид намояд. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 31 декабри соли 2011 ва 1 январи соли 2012 мардуми кишвар бемаҳдудият барқ мегиранд. Дар ин давра дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои ширкат аз ҳисоби роҳбарият ва мутахассисон навбатдории шабонарӯзӣ ташкил дода шудааст. Дар ин рӯзҳо телефонҳои боварӣ – 37-883-55-22; 37-883-55-11 - низ ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд.