Директори "Ховар": Дар гирифтани иттилоъ аз ҳукумат афзалияте надорем
Саидалӣ Сиддиқ, директори Агентии миллии иттилоотии “Ховар” мегӯяд, дар гирифтани иттилоъ аз ҳукумат афзалияти қонуние надоранд ва бо хабаргузориҳои мустақил барои таваҷҷуҳи аудитория дар рақобатанд.
Саидалӣ Сиддиқ дар суҳбат бо хабаргузории “Казинформ” изҳор доштааст, ки барои пешбурди кори “Ховар” ният доранд, бахши инфографика, хазинаи сурату садо ва хадамоти видеоиро ташкил кунанд: “Хабарнигоронамонро дар хориҷ зиёд карданием. Айни ҳол намояндаҳои мо дар Маскав, Анқара, Берлин ва Ню-Йорк кор мекунанд”.
Оқои Сиддиқ беҳбуди сифати барномаҳои радиои “Ховар” ва густариши майдони пахши онҳоро аз нақшаҳои дигари худ арзёбӣ карда, афзудааст, ки барои амалӣ намудани ин иқдом сармоягузорон, аз ҷумла хориҷиҳоро ҷалб карданиянд.
Директори “Ховар” таъкид намудааст, ки хабаргузорӣ бо 5 забон-тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва форсӣ иттилоъ пахш карда, имрӯз яке аз беҳтарин сомонаҳои хабарии Тоҷикистон мебошад. Ӯ рақобат бо расонаҳои дигар, аз ҷумла хусусиро ногузир хонда, онро як омили рушд номидааст: “Расонаҳоро бе рақобат ва ҷаҳонро бе расона тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мо пеши худ мақсад гузоштаем, ки барои таваҷҷуҳи аудитория бо дигар расонаҳо рақобат мекунем. Ҳар расона ин талошро дорад ва ҳар яки онҳо самт, шакл ва нақшаи фаъолияти худро доранд”.
Сиддиқ бо такя ба иттилои оҷонсии “Аd-Мedia”, ки сомонаи “Ховар”-ро таҳия кардааст, иттилоъ додааст, ки теъдоди бинандагони ин сомона аз ҳадди 4,5 миллион нафар гузаштааст, ки беҳтарин нишондод мебошад.
Дар мавриди он, ки расонаҳои давлатӣ бояд барои дастрасӣ ба иттилоъ аз ҳукумат афзалият дошта бошанду аввал хабарро бигиранд, Саидалӣ Сиддиқ гуфтааст, ки “Ховар ягона оҷонсии иттилоотии давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад. Инчунин 6 оҷонсии иттилоотии хусусӣ фаъолият доранд. Албатта мақомоти давлатӣ ва ҳукуматӣ қабл аз ҳама бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Дар баробари ин бо расонаҳои хусусӣ ва хориҷӣ низ ҳамкории зич доранд. Дар қонунгузории Тоҷикистон афзалияти расонаҳои давлатӣ зикр нашудааст ва аз рӯи ҳуқуқу уҳдадориҳояшон аз расонаҳои хусусӣ фарқ намекунанд”.
Директори “Ховар” аз қавли Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки рӯзноманигорон сарфи назар аз мансубият ба расонаҳои давлатӣ ва ё хусусӣ бояд вазифаи касбияшонро дурусту содиқона иҷро кунанд, ба манфиати халқу давлат хизмат намоянд. Ӯ дар идома аз афзоиши расонаҳои хусусӣ нисбати давлатӣ зикр карда, фаъолияти озоди расонаҳоро яке аз нишонаҳои асосии рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намудааст.