Чаро алайҳи мизоҷ парвандаю нисбати бонкдорҳо не?
Мақомоти милиса алайҳи як мизоҷи “Тоҷпромбонк” барои сари вақт барнагардондани маблағи бонк парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Тавре Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми октябр иттилоъ дод, кормандони милиса марди 61-сола, сокини шаҳри Ваҳдатро боздошт намудаанд. .
Манбаъ мегӯяд, муттаҳам 22-юми декабри соли 2014 аз “Тоҷикпромбонк”-и ноҳияи Файзобод тариқи шартномаи қарзӣ 120 ҳазор сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 24-моҳ қарз гирифтааст: “Аммо то ҳол ин маблағро барнагардонидааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи мизоҷ дар ҳолест, ки бонкҳои калони Тоҷикистон, аз ҷумла Тоҷикпромбонк, Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк маблағи пасандози садҳо мизоҷашонро бозпас надодаанд, аммо мақомот то ҳол дар мавриди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи бонкдорҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳояшон ҳеч иттилое надодаанд.