Шарҳи Вазорат дар бораи надодани иҷозатнома ба ДОМ-и Оқохон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки расман барои фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, ки аз ҷониби Бунёди Оқохон сохта шудааст, иҷозат надодаанд.
Алидод Расулзода, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба “Азия Плюс” гуфтааст, масъулини донишгоҳ ҳамаи асноди лозима барои гирифтани иҷозатномаро пешниҳод накардаанд: “Барои гирифтани иҷозатнома бояд 17 номгӯи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд. Чанд моҳ қабл намояндагони Донишгоҳ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат карданд, мо рӯйхати ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намудем. Аммо то ҳол ин ҳуҷҷатҳо пурра пешниҳод нашудаанд”.
Расулзода дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои лозимӣ аз ҷумла нусхаи санадҳо дар бораи таъсис, барномаю нақшаҳои таълимӣ, хулосаи мақомоти санитарӣ-эпидемиологӣ, оташнишонӣ, маълумот дар бораи сохтори муассиса, дар бораи бино ва иншооти варзишӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи довталаб барои истифодаи маводи таълимӣ ва ғайраро номбар кардааст.
Инчунин масъули маорифи Тоҷикистон анҷом наёфтани баъзе корҳои сохтмониро дар майдони Донишгоҳ зикр кардааст, аммо далели асосиро камбуди ҳуҷҷатҳо арзёбӣ намудаст.
Раёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ расман то ҳол ин мушкилро шарҳ надодааст. Дар назар буд, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ фаъолияташро расман 4-уми сентябр оғоз кунад, ки то ҳол сурат нагирифтааст.
Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар асоси созишнома, ки аз ҷониби Оқохони IV ва сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғистон ва Қазоқистон имзо шудааст, бунёд гардида, интизор меравад, аз калонтарин муассисаҳои таълимии минтақа хоҳад буд.