Даъвати “Суғдсинамо”: Дар рушди синамои миллӣ саҳим бошед!
Дар Душанбе намоиши филмҳои ҳунарии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” шурӯъ мешавад.
Кормандони ин муассиса мегӯянд, аз 6 то 16 октябр дар кинотеатри “Ватан” ҳамарӯза ду филм манзури бинандаҳо мегардад: “Соатҳои 14:00 филми “12 соли интизорӣ” ва соатҳои 17:00 филми нави “Тангно” намоиш дода мешавад”.
Масъулини “Суғдсинамо” аз сокинону меҳмонони пойтахти Тоҷикистон даъват кардаанд, бо тамошои ин филмҳо дар рушди синамои миллӣ саҳм бигузоранд.
“Суғдсинамо” чанд сол пеш бо ибтикори раҳбарияти вилояти Суғд таъсис ёфт ва онро коргардон ва ҳунарманди ҷавону бомаҳорат Муҳиддини Музаффар раҳбарӣ мекунад.