Дар паёми шодбошии раҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:
“Падари азизам, ифтихорам, устодам, роҳбаладу мураббии ғамхорам, имрӯз барои мо аҳли фарзандону наберагон ва пайвандон, як рӯзи пур аз шодмонию саодат аст. Ҷашни бузурги зодрӯзи Шумо бори дигар мо фарзандонро сари як дастархони пур аз навозишу меҳрубонӣ ва шукру сипос ҷамъ овардааст. Зиндагии пур аз нишоту саодати Шумо ва модари меҳрубонамон, давлатсозию давлатдории ҷавонмардонаву пур аз ифтихори миллиатон барои ҳар яки мо фарзандону наберагон мояи ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрат аст.
Падари азизам барои Шумо аз даргоҳи Парвардигор саломатӣ, умри пурбаракат, шодию нишоти аз ин ҳам бештар, давлати поянда, обрӯю нуфузи ҷовидонаро орзу менамоям. Бигузор ҳамеша бахту саодат ва сулҳу ваҳдати пойдоре, ки меъмораш шумоед, дар фазои Тоҷикистон азизи мо баландпарвозӣ кунад. Мо ҳама фарзандону наберагон қавл медиҳем, ки мисли Шумо падари азизам, даст болои дил, барои Ватану сарзамин ва халқи азизи Тоҷикистон содиқона ва бо виҷдони пок хизмат мекунем.