Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз РБДА-и ВКД иттилоъ доданд, ин сониҳа дар қаламрави ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайваст: «Ронандаи нақлиёти сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» Ҳувайдои Наҷмиддини 25-сола аснои ҳаракат дар ин масир қоидаи ҳаракатро риоя накарда, ба канори роҳ мебарояд ва ба дарахт бармехӯрад. Дар пайи ин садама худи сарнишин ва 5 нафар мусофири он ҳам дар ҷойи ҳодиса қурбон шуданд».
Бино ба иттилои масъули РБДА, як нафар аз мусофирони мошин бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба касалхона интиқол ёфта, таҳти муоина ва муолиҷаи табибон қарор дорад. Айни замон оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти он идома дорад.
Омори расмӣ дар Тоҷикистон ҳокист, ки дар соли гузашта дар саросари кишвар беш аз 400 нафар аз сокинон, ки теъдоди зиёди онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, дар садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз 1550 нафар ҷароҳат бардоштаанд.