Рухсора Қудратова муддаии озмуни зебосанами “Азия-Сибир-2017”
Ба даври финалии озмуни маҳорат ва зебоии “Азия-Сибир-2017” 14 нафар, бо шумули як духтари тоҷик роҳ ёфтаанд. Ин озмунро Хонаи дӯстии халқҳои Красноярск созмон додааст.
Ба иттилои торнамои nazaccent.ru, барои ин озмун беш аз 20 нафар аз вилоятҳои Барқордистон, Иркутск ва Новокузнетск дархост фиристода, 14 нафар ба даври финалӣ, ки 28 октябр баргузор мешавад, роҳ ёфтаанд.
Манбаъ меафзояд, барои дарёфти унвони озмуни зебосанами “Азия-Сибир-2017” Анастасия Горюнова (Чувашия), Дудари Замураева (Бурятия), Наталя Казагашева (Хакасия), Рухсора Қудратова (Тоҷикистон), Бегимой Мамитова (Қирғизистон), Гулнигор Муҳаммадова (Узбакистон), Хоним Насибова (Озарбойҷон), Долчан Ооржак (Тувинс) ва Юлия Соколникова (Ёқутистон) талош хоҳанд кард: “Дар даври интихобӣ довталабон дар бораи худ ва интизориҳо аз озмун гуфтанд ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Ҳоло духтаронро як моҳи тамрин ва омодагӣ ба озмун интизор аст”.