Бердимуҳаммадов як қатор додрасу додситонҳоро иваз кард
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо имзои фармоне чанд додрасу додситони кишварашро барканор ва ба ҷои онҳо шахсони дигарро таъйин кард. Ин фармон 3 октябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Туркманистон, ки дар он натиҷаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва интизомии ин кишвар дар 9 моҳи ахир ба баррасӣ гирифта шуд, имзо гаштааст.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллии Туркманистон, тасмими барканории додситону додрасҳо дар пайи шунидани ҳисоботи додситони кул Б. Атдаев ва раиси Додгоҳи олии Туркманистон Г. Халлиев гирифта шудааст.
“Президент хост, тамоми ҳолатҳои кӯшиши нақзи қонунҳои амалкунандаи Туркманистон аз тарафи чи намояндагони корхонаҳои хусусӣ ва чи давлатӣ пешгирӣ карда шаванд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Ибтидои имсол ҳукумати Туркманистон эълом кард, ки мубориза бо коррупсияро пурзӯр кард. Дар пайи он нахуст додситони кул ва баъдан раиси додгоҳи олӣ аз мақомҳояшон барканор шуда, вазирони умури дохилӣ ва амнияти миллӣ танбеҳ гирифтанд. Даҳҳо мансабдори дигар ба фасодкорӣ айбдор шуданд.