Бори нахуст дар таърихи навин: Вазири мудофиаи Узбакистон ба Душанбе меояд
Генерал-майор Абдусалом Азизов, вазири навтаъини мудофиаи Узбакистон ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора расонаҳои Узбакистон иттилоъ афзудаанд, ки ин нахустин сафари вазири мудофиаи узбак ба Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии ду кишвар мебошад.
Манбаъ афзуд, Абдусалом Азизов дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 11 то 13 октябр дар Душанбе доир мегардад, иштирок хоҳад кард. Дар назар аст, вазири мудофиаи Узбакистон бо ҳамтои тоҷикаш ва вазирони дигар кишварҳо мулоқот намояд.
Генерал-майор Абдусалом Азизов моҳи июни соли ҷорӣ ҳамчун вазири умури дохилии Узбакистон барои иштирок дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе омада буд. Ӯ 4 сентябри соли ҷорӣ ба мақоми вазири мудофиаи Узбакистон таъйин гашт.
Замони раҳбарии Ислом Каримов Узбакистонро дар аксари нишастҳои дохили ИДМ муовини вазири мудофиа намояндагӣ мекард.