Манбаъ афзуд, дар нишасти навбатӣ ҳамчунин масъалаҳо дар бораи «Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Герсогии Бузурги Люксембург оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя», дар бораи «Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя», оид ба «Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ», дар бораи «Конвенсия оид ба эътирофи тахассусҳои мансуб ба таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо» муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, масъалаи дигар, ки аз тарафи аъзои Шўро муҳокима ва баррасӣ шуд, лоиҳаҳои қарорҳои МН «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Акрамшо Фелалиев» ва «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Акрамшо Фелалиев» буд.