65-умин зодрӯзи Э.Раҳмон: Аз деҳқонию устои барқ то президентӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми октябр 65-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи 25 соли охир роҳбарии кишварро ба уҳда дорад, 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.
Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.
Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.
Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.
Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.
Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.
19-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳамин тавр, минбаъд дар интихоботҳои президентии соли 1999, 2006 ва 2013, ки дар санаи 6-уми ноябр баргузор шуд, се бори дигар Президент интихоб шуд.
Аз соли 1999 бо ворид кардани тағйирот ба Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон муҳлати президентиро ба 7 солӣ тамдид карданд. Бори охир Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 президенти Тоҷикистон интихоб шуд.
Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҳукумати Тоҷикистон, Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, Раиси Кумитаи миллии олимпӣ, Раиси Шӯрои амният, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - "Пайванд", Роҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
Эмомали Раҳмон аз моҳи декабри соли 2015, бар асоси як қонуни нав, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат эълон шуд. Ин қонун ва тағйироти ахир ба Конститутсия Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳаққи бемаҳдуди ширкат дар интихоботи президентӣ бархӯрдор кард.
Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.