“Призывник” дар телефон-талош барои ҳифзи ҷавонон аз “облава”
Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ройгон барои даъватшавандаҳо ва хизматчиёни ҳарбӣ машваратҳои ҳуқуқӣ, тиббӣ ва барномаи махсус барои телефонҳо- "Даъватшаванда / Призывник" пешниҳод кардааст.
Тибқи иттилои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳомиёни ҳуқуқ инчунин коршиноси тиббиро ҷалб кардаанд, ки дар бораи қобили хизмат будан ё набудани даъватшаванда маслиҳат медиҳад.
“Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар мавриди барнома барои телефонҳои мобилӣ иттилоъ дод, ки “Даъватшаванда / Призывник" маҷмӯаи китобҳост, ки аз 18 китоби алоҳида ва 24 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ мебошад: “Барнома дар шакли барномаи таълимии универсалӣ коркард карда шудааст ва шахсони синну соли даъватӣ, волидайни онҳо, шахсоне, ки қайди ибтидоии ҳарбиро гузашта истодаанд, хизматчиёни ҳарбӣ ва адвокатҳо, муаллимони фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ”, духтурони комиссияи даъватӣ ва дигар шахсоне, ки мехоҳанд дониши худро дар ин соҳа баланд бардоранд, метавонанд аз он истифода баранд. Барномаро тариқи суроғаи зерин метавон пайваст кард: https://play.google.com/store/apps/details?id=com.dosh.books “.
Ҳомиёни ҳуқуқ ба афроде, ки мехоҳанд дар бораи раванди қонунии даъвати наваскарон иттилои бештаре гиранд, рақамҳои телефонии +992 93 333 18 03 ва +992 93 333 17 03-ро пешниҳод намуданд.
Ин иқдом дар ҳолест ки сарфи назар аз дастуроти расмӣ дар бораи риояи қонун ва ҳуқуқи даъватшавандагон ҳамасола дар Тоҷикистон ҳолатҳои “облава” ва дигар қонуншиканиҳо ҳангоми ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ба қайд гирифта мешавад.