12 рӯз гузашт. Шифо ҳанӯз бедарак аст
Бо гузашти наздики ду ҳафта наздикони Шифо Нуралиева, як сокини шаҳри Душанбе ҳанӯз ӯро пайдо накардаанд.
Модари Шифо Нуралиеваи 17-сола дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, духтараш, ки дар синфи 11-и гимназияи№ 74-и пойтахт таҳсил мекард, субҳи 22 сентябр ба дарс рафта, бедарак шудааст. Ба гуфтаи модари Шифо онҳо ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуда, расмҳои ӯро дар кӯчаҳо насб карданд, аммо ҳанӯз ҳеч иттилое дар бораи буду боши вай дастрас нашудааст.
Наздикони Шифо Нуралиева аз ҳама нафароне ки ӯро дидаанд ва ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш доранд, ба шумораҳои 901 31 99 98, 903 05 60 66 тамос бигиранд.