Таъини сафири нави Олмон дар Тоҷикистон
Найтхарт Хёфер-Виссинг, сафири навтаъини Олмон дар Душанбе ба Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супоридааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқот Найтхарт Хёфер-Виссинг ва Сироҷиддин Аслов ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.
Сироҷидин Аслов ба Найтхарт Хёфер-Виссинг дар фаъолияти минбаъдаи касбиаш муваффақият таманно кардааст.
Пеш аз ин, Ҳолгер Грэн, сафири Олмон дар Тоҷикистон буд, ки бо масъалагузориҳояш дар мавриди шеваҳои мубориза бо экстремизм маъруф мебошад. Дар аҳди Грэн чанд бор ҷавонони тоҷик дар назди сафорати Олмон дар Душанбе ҳамоиши эътирозӣ карда, Аврупоро аз ҳимоят аз террористон муттаҳам намуданд.
Эътирозгарон даъво доштанд, ки Олмон афродеро, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротгароӣ мавриди бозҷӯӣ қарор доранд, пуштибонӣ мекунад ва паноҳгоҳ медиҳад.