Суғд: Донишҷӯён ҷавони 21-соларо латту кӯб кардаанд
Кормандони пулис дар шимоли Тоҷикистон ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсат дар шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд. Онҳо дар латту кӯби як ҷавони 21-сола муттаҳам мешаванд.
Торнамои ВКД мегӯяд, яке аз дастгиршудаҳо 23 сол дошта, сокини ноҳияи Деваштич мебошад ва дар курси 4-и донишгоҳ таҳсил мекардааст. Дигарӣ, 24-сола ва аз ноҳияи Мастчоҳ буда, дар курси 5 мехондааст. Ба иттилои манбаъ, онҳо соатҳои 22:30-и 27 сентябр дар назди маркази дилхушии “Боирҷон”, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша сокини 21-солаи шаҳри Хуҷандро латту кӯб кардаанд: “Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Нисбати ҳодисаи парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.