Даъвати Усмонзода барои оғози амалии сохтмони CASA-1000
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз сармоягузорон ва кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA-1000 даъват намудааст, ки сохтмони амалии онро ҳар чӣ зудтар оғоз кунанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Усмонзода ин нуктаро дар шаҳри Дубай, зимни ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 дар ҳузури вазирони энергетикаи Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Бонки исломӣ ва USAID баён дошт.
Усмонзода таъкид кардааст, ки зимни вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Лоиҳаи CASA-1000, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барпо гардид, роҳбарони давлатҳо ба хулосае расиданд, ки марҳилаи оғози Лоиҳа ҳарчӣ зудтар сурат гирад: “Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 ҳамчунин санади тендер барои оғози сохтмони Лоиҳа дар ҳудуди Афғонистон тасдиқ карда шуд”.
Сохтмони хатти интиқоли барқи “CASA-1000” барои интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст.