Ҳалокати 5 нафар дар пайи суқути ҳавопаймои АН-28 дар наздикии Алмаато
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Қазоқистон гуфтааст, дар пайи суқути ҳавопаймои АН-28 ҳамаи панҷ нафари дохили он ба ҳалокат расидаанд.
Ҳавопаймо баъди чанд дақиқаи ба ҳаво баланд шудан аз радарҳо гум шуда ва баъдан онро дар ҳолати оташгирифта аз наздикии шаҳри Алмаато пайдо кардаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфтааст, дар дохили ҳавопаймо табибон қарор дошта ва барои кумак ба беморе сафарбар шуда будаанд.