Вазири дифои Фаронса пас аз боздиди дурӯза аз Афғонистон ва мулоқоташ бо райисҷумҳури он кишвар Ҳомид Карзай ва вазири дифоъи Афғонистон Абдураҳим Вардақ ба Тоҷикистон омада, бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот кард. Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир 3600 сарбози фаронсавӣ дар Афғонистон, аксаран дар вилояти Кописо ва минтақаи Сурубӣ ҷойгир ҳастанд.
Ҳамзамон, дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 100 афсару сарбоз ва тайёраҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса мустақаранд. Ин ҷузу томҳои ҳавоӣ ба манзури кӯмак ба амалиёти низомиёни ин кишвар дар Афғонистон чанд сол боз аз фурудгоҳи Душанбе истифода мекунанд.