19 соли зиндони 2 хоҳар барои қатли ҷавон ҳангоми бозиҳои маҳрамона
Додгоҳи вилояти Улянови Русия ду ҷавондухтарро, ки моҳи декабри соли гузашта ҳангоми бозиҳои маҳрамона, ҷавони 24-солаи тоҷикро буғӣ карда куштанд, дар маҷмуъ 19 сол равонаи зиндон кард.
Тибқи иттилои мақомоти Улянов ҳукми хоҳарони 21 ва 17-сола имрӯз 3 сентябр содир гардида, додгоҳ онҳоро муттаносибан 12 солу 1 моҳ ва 7 сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кард.
Манбаъ афзуд, хоҳарон дар додгоҳ фаҳмидаанд, ки онҳоро зиндон интизор аст ва гуноҳро ба сари ҳамдигар бор карданнд.
Қаблан Кумитаи тафтишотии Русия гуфта буд, ки ду хоҳари 21 ва 17-сола, сокинони шаҳри Дмитровгради вилояти Улянов бо ҷавони 24-солаи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуда, барои мулоқот дар шаби 23-юми декабри соли 2016 созиш кардаанд: “Ҷавони тоҷик махсусан барои мулоқот бо духтарон дар бинои рақами 22-и кӯчаи Славск хона ба иҷора гирифта, дастархон оростааст. Зимни мулоқот ҷавонҳо бозиҳои маҳрамонаро оғоз намуда, духтарон ҷавони тоҷикро баста, буғӣ кардаанд”.
Ба иттилои тафтишот ҳангоми фирор духтарон маблағ ва ашёи ҷавони кушташударо гирифта, рӯзи дигар муттаҳами ноболиғ, гӯиё чизе нашудааст, ба мактаб рафтааст.