Шӯрои уламо дар бораи ҷуброни савгандшиканӣ ба номи Аллоҳ
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон савгандхӯрии ҷавононро ба номи Худо, ки майли афзоиш дорад, ғайриқобили қабул хондааст.
Тибқи иттилои сомонаи Шӯрои уламо номи Худо бузург аст ва набояд дар ҳар амали ночизу беарзиш қасамро ба забон овард: “Инсони ростқавл ва рострав ба қасам ниёз надорад ва ҳатто дар вақти зарурат низ қасам намехӯрад. Расули Худо (с) аз бисёр қасам хӯрдан ва бар он одам кардан наҳй кардаанд”.
Манбаъ афзудааст, шахсе, ки ба номи Аллоҳ қасам хӯрад ва пас аз он қасамашро шикаст, бояд даҳ мискинро таом диҳад ва ё либос пӯшонад: “Агар тавони ин ду шартро надошт, бояд се рӯз пай дар пай рӯза дорад”.
Шӯрои уламо манбаи ин изҳороташро “Мухтасарул-виқоя”, саҳифаҳои 78-79 нишон додааст.