Ҳабси Алексей Навалний ва раҳбари ситоди интихоботиаш
Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия ва Леонид Волков, раҳбари ситоди интихоботии ӯ 20 шабонарӯз ҳабс шуданд. Қарори ҳабси Навалнийро додгоҳи Симонови Москва ва аз Волковро додгоҳи Савеловский содир кард.
Мухолифони рус ба "даъвати чандкаратаи одамон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавии бидуни иҷозат" айбдор шудаанд. Пулис онҳоро 29 сентябр пеш аз оғози тазоҳурот дар Нижний Новгород дастгир кард. Вале баъдан ба шарти ҳозир шудан ба додгоҳ дар рӯзи 2 октябр озод шуданд.
Навалний ҳукми додгоҳ нисбати худро "туҳфа" ба президенти Русия Владимир Путин барои зодрӯзаш номида, аз ҷонибдорони худ даъват кард, 7 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург даст ба тазоҳурот бизананд. Волков ба нишони эътироз гуруснанишинӣ эълом кард.
Навалний аз сарсахттарин мухолифони ҳукумати Путин аст. Ӯ бунёдгузори Хазинаи мубориза бо фасод аст, ки сари чанд вақт тадқиқотҳояш дар бораи мансабдорони давлатиро нашр карда, онҳоро дар фасоди молӣ айбдор мекунад.