Ҷузъиёти боздошти Нурализода: $1 млн пора деҳу аз давлат $10 млн грант гир
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Аскар Нурализода, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо бо иттиҳоми порагирӣ шарҳ дод.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, 28 сентябри соли 2017 ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шаҳрванд "А" бо ариза муроҷиат намуда, арз доштааст, ки муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Аскар Шералӣ барои дохил намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ва барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 миллион доллари ИМА, аз ӯ 10%-и маблағи ҷудошаванда, яъне 1 миллион доллар талаб кардааст: “Мувофиқи маслиҳати тарафҳо шаҳрванд «А» маблағи 500 000 долларро то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он, маблағи 500 000 долларро бояд ба сифати пора ба Нурализода медодааст”.
Оҷонсӣ афзуд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ санаи 28-уми сентябри соли 2017 соати 19-00 муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода Аскар Шералӣ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кўчаи Шамси хонаи 20/1 хуҷраи 11 бевосита баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани 490 000 доллар дар кўчаи Шамсии шаҳри Душанбе назди тарабхонаи "Афсона" дастгир карда шуд: “Далелҳои шайъӣ маблағи 490 000 доллари ИМА аз ў ёфта мусодира шуд”.
Ба иттилои манбаъ инчунин аз хонаи Нурализода дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла 10 000 доллар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, дарёфт гардид.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ Нурализода қаблан ба сифати пора аз бинои истиқоматии бисёрошёна дар шаҳри Душанбе ба номи ҳамсараш Холиқова Савринисо Маҷидовна як хонаи истиқоматии се ҳуҷрагӣ ба маблағи 69360 доллар талаб намуда, тариқи шаҳрванд “А” гирифтааст: “Вақти кофтукоб аз хонааш шартномаи саҳмгузорӣ барои манзили истиқоматӣ аз 22-юми август ва расиди даромади хазинавӣ аз ҷониби шаҳрванд "А" ба хазинаи ширкати сохтмонии "В" ба номи Холиқова пардохт карда шудааст, ёфта гирифта шуд”.
Оҷонсии мубориза бо фасод афзуд, ки алайҳи Нурализода барои порагирӣ бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои "в,г"-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.