Созиш барои интиқоли бемонеаи нерӯҳои СААД дар вазъи тезутунд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми октябр Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо ва инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбиро қабул намуд.
Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи созишномаи мазкур баъди ду соли омӯзиш аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон пешниҳод шуд.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни муаррифии созишнома гуфт, то ҳол дар ҳолатҳои тезутунди сиёсӣ ва афзоиши таҳдидҳо ҳамлу нақли нерӯ ва лавозимоти низомии кишварҳои СААД мушкилот дошт, ки бо қабули ин созишнома бартараф хоҳанд шуд.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон созишномаи мазкурро муҳим хонда, онро ба нафъи Ватан арзёбӣ намуд.