Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон 35 килою 510 грамм маводи нашъадор ёфт шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии ВКД иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт Ёқубови 32 сола, сокини ҷамоати Шӯрообод, деҳаи Хайркорон дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори «бангдона» вазнаш 8 килою 510-грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ҳамзамон, аснои азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ, аз дохили ҷевон маводи нашъадори «бангдона», ки вазни холиси он 27 килоро ташкил медод, пайдо шуд.
Манбаъ афзуд, се нафар аз ҳаммаслакони қочоқчӣ низ дастгир гардида, тафтишоти қазия идома дорад.