Ҷаласаи ҳукумат: Аз омодагӣ ба зимистон то тағйири қонун дар бораи озодии виҷдон (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 28-уми сентябр ҷаласаи ҳукумат баргузор намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кори маҷлис нахуст гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳалли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” ва гузориши вазири маориф “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” шунида шуд. Вазири маориф гуфтааст, мақсади таҳияи Лоиҳаи қарори ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Ҳукумат инчунин чанд лоиҳаи қонунро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст: “Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» -ро муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд”.
Ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин 6 хулосаи Ҳукумат, аз ҷумла дар бораи тағйирот ба қонунҳо “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” пешниҳод гардид.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ҳукумат дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб, Дар бораи Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Дар бораи Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон дар ташкилотҳои давлатӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Дар охир раиси ҳукумат масъулинро вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, захираи маводи сухту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезонидани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он супоришҳои мушаххас дод.