ВКД: Ҷавони 25-сола барои аз худ кардани мошин ҳамсолашро 6 корд задааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 25-солаи ноҳияи Панҷ хабар медиҳад, ки дар роҳзанӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда дар пайи шикояти як ҷавони 25-сола шаҳри Кӯлоб дастгир шудааст. Ин ҷавон гуфтааст, тахминан соатҳои 23:00-и 27 сентябр ҳангоми дар маҳаллаи 46-и шаҳри Душанбе ба мусофиркашӣ машғул буданаш, шахси номаълум ба мошини “Опел-Астра”-и ӯ нишаста, хоҳиш кардааст, то манзили истиқоматиаш ба деҳаи Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ барад: “Баъдан, ҳангоми ба деҳаи Навбунёд расиданашон шахси мазкур бо мақсади аз худ намудани автомашина бо корди дар дасташ буда, 6-маротиба ба аъзои бадани ронанда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло аз рӯи ин ходиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.