Занги Президент ба раисони навоҳии картошкапарвар: Ҳосилро талаф надиҳед...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раисони навоҳии картошкапарвари кишвар суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, 27-уми сентябр ҳисоботи телефонии раисони навоҳии Деваштич, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангворро шунида, “диққаташонро ба иҷрои саривақтии корҳо, кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, аз ҷумла ғунучини картошка ҷалб намуд. Супоришҳо ҳамчунин доир ба захираи хӯроки чорво, маводи сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои тандурустию маориф бо ангишт ва дигар маҳсулоти зарурӣ, иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, дода шуд”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд барои ба мардум расондани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату ҳукумат, риоя ва дар амал татбиқ кардани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Суҳбати раисиҷумҳур бо раисони навоҳии картошкапарвар дар ҳолест, ки соли равон нархи картошка дар бозорҳои пойтахт боло рафта, то 5 сомонӣ расида буд.