Назарзода: Суд мунсифона нест, прокурор бидуни шарҳ фақат рад мекунад
Сайфиддин Назарзода, собиқ раиси Китобхонаи миллӣ ва қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев имрӯз, 27-уми сентябр зимни мурофиаи додгоҳӣ хостори иваз кардани раисикунанда Хуршед Исозода шуданд.
Назарзода, ки дар нақзи қонуни танзим зимни баргузории тӯйи писараш муттаҳам мешавад, далели дархосташро ба бархӯрди номунсифонаи раисикунандаи мурофиа рабт дод. Айбдоршаванда ва қудояш изҳор доштанд, ки додрас аз аввали мурофиа яктарафа манфиатҳои айбдоркунандаро ба назар гирифта, далелҳои пешниҳодкардаи онҳоро сарфи назар мекунад: “Баррасӣ мунсифона сурат нагирифт, бинобар ин мо дархост мекунем, ки Исозода аз раҳбарии мурофиа дур карда шавад”.
Ҷониби айбдоркунанда талаб кард, ки ин дархости Назарзодаю қудояш рад карда шавад ва Исозода низ дар пайи баррасӣ онро рад намуд.
Раисикунанда инчунин ду дархости ҷониби Назарзодаро бо хоҳиши айбдоркунанда рад намуд. Аз ҷумла вакили дифои Назарзода хост, ду нафаре, ки масъулини Оҷонсии зидди фасод аз онҳо ҳамчун шахсони холис баёнот гирифтаанд, ба суд даъват карда шаванд. Дархости дигари вакили дифоъ ин буд, ки ташхиси судии суратшиносӣ ва ҳисобукитоби меҳмонон аз рӯи сурату наворҳо таъин гардад.
Додситон хост ин талаби ҷониби Назарзода рад карда шавад ва Исозода дар пайи баррасӣ изҳор дошт, ки дархостҳо мавриди омӯзиши судӣ қарор гирифтанд ва рад карда шуданд.
Ҳангоми мурофиаи имрӯза Назарзода ва вакили дифояш аз айбдоркунандаи давлатӣ низ эрод гирифтанд, ки фақат хоҳиш мекунад, ки дархостҳо рад карда шаванд, аммо далелҳояшро барои рад кардан шарҳ намедиҳад.
Инчунин вакили дифои Назарзода таъкид намуд, “рейд”-и кормандони Оҷонсии зидди фасод, ки тариқи пинҳонӣ сурат гирифтааст, мухолифи қонунгузории Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи Назарзода бояд ин афрод худро муаррифӣ мекарданд ва огоҳ менамуданд, ки сабт ва ба навор мегиранд.
Додрас мурофиаи навбатии парвандаи Назарзодаро фардо 28-уми сентябр таъин кард.