Истеъфои Муқимҷон баъди "ифшои камбудиҳо" ва мақоми нави Шарипов
Рухсора Давлатзода, раиси шаҳри Бӯстон истеъфои Муқимҷон Абдуфаттоев, аз мақоми муассисаи давлатии «Театри драмавии русии ба номи А.С.Пушкин»-и шаҳри Бӯстонро қабул кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дода, афзуданд, ки Абдуфаттоев баъди ошкори камбудиҳои молиявӣ дар театр бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо додааст: “Мақомот дар театр санҷиш гузаронда баъзе камбудиҳоро ошкор кардаанд. Феълан Нарзулло Шарипов, саркоргардони театр муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раис таъин гардидааст”.
Наздикони Муқимҷон Абдуфаттоев гуфтанд, ки ӯ феълан дар сафари ҳунарӣ дар шаҳри Исфара мебошад.
Абдуфаттоев аз ҳаҷвнигорони саршиноси тоҷик мебошад, ки ду соли қабл раиси театри ба номи Пушкини Бӯстон таъин гардида буд. Қабл аз истеъфояш навори фаҳше нашр гардида буд, ки дар он гӯиё Абдуфаттоев бо як зани дигар сабт ёфтаанд. Аммо худи ҳаҷвнигор қаҳрамони ин навор будани худро рад намуда, онро сохта арзёбӣ кард.