Хуршеди Атовулло, дабири кулли МАТ «соли бобарор»-ро шарҳ дода мегӯяд, чаро ки дар ин сол ассосиатсияи журналистии Медиа Алянси Тоҷикистон, ки роҳбариашро ман ба ӯҳда дорам, аз фаъолтарин созмонхои журналистӣ буд ва бо баргузории се мизи мудаввари умумиҷумҳуриявӣ дар ҳалли баъзе масоили ҳалталаб ҳисса гузошт.
Ҳамсӯҳбатамон афзуд, Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон соҳиби боз як фарзанд-нашрияи таърихӣ-тадқиқотии «Самак» шуд, ки туф-туф чашм нарасад, теъдоди нашраш аз чашмдошти ман бештар аст. Ӯ мегӯяд, дар доираи фаъолияти корӣ бошад, чор сафар доштам-ба Киеву Бишкеку Варшаваю Остона... Натиҷаи ин сафарҳо ҳамкории зичи мо бо баъзе аз созмонҳои байналмиллалии рӯзноманигорӣ-минҷумла Иттиҳоди журналистони байналхалқии тадқиқотгар аст. Дар соли нав ният дорем то сайти ҳафтаномаи сиёсии "Фараж"-ро фаъол намоем, барои таъсиси як командаи нави журналистони тадқиқотгар аз ҳисоби ҷавонони донишҷӯ замина фароҳам орем...