Президент се муовини раиси КДАМ-ро аз вазифа озод кард
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон се муовини Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро аз вазифа озод кардааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Акрам Амонов бо сабаби ба нафақа баромад ва Суҳроб Паноеву Фарҳод Воҳидов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо се қарор Зубайдулло Алихонов, Нусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботовро муовинони раиси КДАМ таъин кардааст.