Кофтукоби соҳибони 4 тоҷики бесаробон дар Бағдод (АКСУ ВИДЕО)
Телевизиони “RT” аз ҳаёти се кӯдаки бесаробони тоҷик ҳамроҳи хоҳари калониашон-Оишаи 16-сола дар ятимхонаи Бағдод гузориш додааст.
Тибқи ин гузориш, Оишаи 16-сола, ки шавҳари ҷангҷӯяш ба ҳалокат расидааст, инчунин нигоҳубини ду кӯдаки ятими русро ба уҳда дорад: “Феълан Оишаи 16-сола ҳамроҳи додаронаш Абдуллоҳи 9-сола ва Муҳаммади 3-солаву хоҳараш Фотимаи 7-сола дар яке аз ятимхонаҳои Бағдод қарор дорад”.
Оиша дар суҳбат бо гузоришгарон мегӯяд, “ман намедонам падару модарам дар куҷоянд. Онҳо дар Мосул буданд ва вақте ҷанг сар шуд, ман ба Талъафар рафтам”.
Оиша афзуд, ки ҳамроҳашон як зани руси дигар низ буд, ки дар роҳ ҷон додааст ва навраси тоҷик кӯдакони ятими зани рус-Фуадими 4-моҳа ва Марями 3-соларо низ бо худ гирифтааст. Ӯ дар мавриди кӯдакони русиягӣ мегӯяд, “падари онҳо барвақт фавтидааст, модараш бошад ҳамроҳи мо буд. Вақте ба ятимхона меомадем, аз сабабе, ки дили он зан бемор буд дар роҳ фавтид ва ман кӯдаконро бо худ овардам”.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки зани фавтида аз Русия буда, исмаш маълум нест ва номи шавҳараш Самир будааст: “Касоне, ки ин тифлаконро мешиносанд, метавонанд тариқи children@rttv.ru дар тамос шаванд”.
Ин бори дуввум аст, ки телевизиони “RT” дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон хабар медиҳад. Қаблан телевизиони мазкур дар бораи Марям як духтари 8-сола хабар дод, ки гуфта мешуд аз Тоҷикистон буда, волидонаш дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия кушта шудаанд.