96 соли зиндони 6 тоҷик дар Маскав
Додгоҳи шаҳри Шатурски вилояти Маскав 6 шаҳрванди Тоҷикистонро барои нашъаҷаллобӣ дар маҷмуъ ба 96 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи қарори додгоҳ Маруфа Арзиев - 20 сол, Шодмон Мирзоолид -18, Умедҷон Турсунов-17, Фаррухҷон Воҳидов-15 сол, Сарвиноз Усмонова-13 сол ва Маҳмад Худоиев барои 13 сол равонаи зиндон гардиданд.
Додситонии кулли Русия иттилоъ додааст, ки маҳкумшудаҳо дар ҳайати як гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоб амал намудаанд ва соли 2015 аз пинҳонгоҳи онҳо як кило героин дарёфт шудааст.